<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Dm</key>
<hymn_number>54</hymn_number>
<title>Вақти дуо, вақти дуо, ки созад аз дунё ҷудо Хд54</title>
<lyrics>[V1]
. Dm        A                      Dm   A  Dm
 Вақти дуо, вақти дуо, ки созад аз дунё ҷудо,
.            A                        Dm    A Dm
 Даъват кунадам бар Падар, то ҳоҷатам созад раво.
.Dm           Gm            C          F
 Гар ғарқи дарду меҳнатам, роҳат бувад он дам маро;
.    Dm         Gm           A             Dm    A Dm
 //  Аз имтиҳон гардам раҳо дар вақтат, эй вақти дуо!  //

[V2]
 Вақти дуо, вақти дуо арзам расад сӯи само,
 Ба даргаҳи Яздони пок, тавбапазиру раҳнамо.
 Аз Ӯ намоям ман талаб, то файзи Худ созад ато;
 //  Роҳат шавам аз дардҳо дар вақтат, эй вақти дуо.  //

[V3]
 Вақти дуо, вақти дуо бошӣ тассалидеҳ маро,
 То вақти охир даррасад, ё Мунҷӣ ояд аз само.
 Ин ҷисми хокӣ афканам, фонӣ шавад ғарқи бақо;
 //  Андар ҳузури қудси Ӯ комил шавад вақти дуо.  //</lyrics>
</song>